ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Алмасира, Маркази ҳуқуқи башари Айнулинсония дар Яман рӯзи сешанбе эълом кард : « Дар муддати шаш соли таҷовузи эътилофи саъудӣ ба Яман, 17 ҳазору 97 нафар дар ин кишвар шаҳид ва 27 ҳазору 496 нафари дигар захмӣ шудаанд . »
Дар иттилоъияи ин ниҳоди ҳуқуқи башарӣ ҳамчунин омадааст : «Аз маҷмӯи кушташудагон 3 ҳазору 821 нафари кӯдак, 2 ҳазору 394 нафар зан ва 10 ҳазору 882 тан низ мард будаанд . Ҳамчунин 27 ҳазору 496 нафар аз ҷумла 4 ҳазору 183 кӯдак ва 2 ҳазору 815 зан низ маҷрӯҳ шудаанд . »
Ҳамчунин тибқи омори маркази ҳуқуқи башарии Айнулинсония дар ин муддат 571 ҳазору 190 хона, 178 бинои донишгоҳӣ ، 1 413 масҷид , 390 бемористону дармонгоҳ, 1 102 мадрисаву омӯзишгоҳ, 247 асари бостонӣ, 395 коргоҳу корхона ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ ва заминии эътилофи саъудӣ қарор гирифтаанд .
Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии ин кишварро оғоз кардааст .
342/